Конфронси Муоҳадаи Париж
Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Чанде пеш дар шаҳри Венаи Австрия Конфронси сеюми вазоратии мушорикони Муоҳадаи Париж баргузор гарндид, ки дар он Муншии умумии СММ Пан Ги Мун, Директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов, вазирони корҳои хориҷӣ ва вакилони олимақоми 55 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд. Мутобиқи ваколатномаи Муоҳадаи Париж мавзӯи конфронс иборат аз проблемаи ҷилавгирии паҳншавии маводи нашъаовар буд. Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров ва сафири Тоҷикистон дар Австрия, намояндаи доимии ҶТ дар Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Нуриддин Шамсов намояндагӣ намуданд. Роҳбари Агентии назорати маводжи нашъаовар Рустам Назаров зимни суханрониаш мавқеи Ҳукумати ҷумҳуриро, ки мақсад аз он ҳалли проблемаҳои минтақавӣ дар бахши назорати маводи нашъаовар ва зарурати рушди минбаъдаи ҳамкории самарабахши миёни СММ, Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он дар ин самт мебошад, баён кард.Аз рӯи натиҷаи конфронс «Эъломияи Вена» қабул шуд, ки дар он самтҳои дурнамои фаъолияти иштирокдорони Муоҳадаи Париж инъикос ёфтаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






