Кори кормандони БДА сабук мегардад

Февраль 7, 2012 12:11

Душанбе, 7 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-16 адад чароғакҳои раҳнамои рақамии сохти Русия ва Чин дар соли равон дар чорроҳаҳои кӯчаю хиёбонҳои пойтахт васл карда мешавад. Аз ҷумла, 5 адад дар чорроҳаи кӯчаи Дӯстии халқҳо ва се ададӣ дар кӯчаҳои Айнӣ, Неъмат Қарабоев ва Алишер Навоӣ насб мегарданд. Шукришо Зубайдов, сардори корхонаи давлатии махсусгардонидашудаи ҷумҳуриявии васлу истифода дар назди Раёсати бозрасии давлатии автомобилии /РБДА/Вазорати корҳои дохилии /ВКД/ ҷумҳурӣ мегӯяд: чароғаки рақамӣ дар қиёс бо чароғакҳои оддӣ афзалияти бештар дошта, нерӯи барқро 8-10 баробар кам истифода мекунад. Инчунин он мусофиронро пеш аз убур кардани чорроҳа тавассути рақамҳо огоҳ намуда, барои ронандагон низ мувофиқ аст, зеро ронанда бо оғози рақами чароғак ва анҷоми он ҳаракати автомобили худро танзим менамояд. Он ҳамчунин ба фаъолияти кормандони БДА сабукиҳо меорад. Бояд зикр кард, ки насби чароғакҳои рақамӣ дар чорроҳаҳои кӯчаю хиёбонҳои пойтахт дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе перомуни навсозӣ ва таъмири кӯчаҳои шаҳр ва қарордоди шаҳрдорӣ бо ширкати чиноии «Чайна роуд», ки марбут ба бунёди пулу роҳҳост, ҷараён мегирад. 20 адад чунин чароғаки рақамӣ дар остонаи ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шурӯъ аз чорроҳаҳои фурудгоҳ то кӯчаи Амиршоев насб карда шуданд. Шукришо Зубайдов мегӯяд, ки арзиши насби чароғаки рақамӣ дар як чорроҳа 120 ҳазор сомонӣ аст. Бояд зикр кард, ки дар пойтахт аввалин чароғакҳои роҳнамо дар солҳои 50 -60-уми қарни 20 насб гардида буд. Дар маҷмӯъ дар миқёси кишвар 225 адад чароғаки роҳнамо дар танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва мусофирон дар роҳу чорроҳаҳо фаъол аст, ки аз ин миқдор 90 адад ба Душанбе, 70 адад ба Суғд, 38 адад ба вилояти Хатлон, 25 адад ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 2 адад ба шаҳри Хоруғ рост меояд.

Февраль 7, 2012 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд