Кумита раисонро ҳушдор дод
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди анҷоми санҷиши тақсими ғайриқонунии замин дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ба унвони раисони вилоятҳои Хатлон, Суғд ва раисони ноҳияҳои Ҷиликӯл, Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд, ҳамчунин ба номи раиси ноҳияи Шаҳринав маълумотнома ирсол намуд. Дар маълумотнома доир ба хилофи моддаи 29 –и Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1- уми сентябри соли 2005 амал намудани мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои заминсозии ноҳияҳои зикршуда, далелҳои зарурӣ доир ба тақсими ғайриқонунии заминҳои корам, хусусан заминҳои обӣ пешниҳод гардидааст, ки ҷиҳати бартараф намудани он бояд чораҷӯӣ карда шавад. Мутаассифона, то ҳол доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои номбурда ба Кумитаи заминсозӣ ва геодезии ҶТ маълумот пешниҳод нашудааст. Ин маънии онро дорад, ки камбудиҳо ҳанӯз бартараф нашудаанд ва заминҳои ғайриқонунӣ тақсимшуда ба ҳолати аввала баргардонида нашудаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






