Лигаи чемпионҳои Аврупо: ССКА аз бохт раҳо ёфт
Душанбе, 22 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар идомаи бозиҳои лигаи чемпионхои Аврупо шоми дирӯз дастаи ССКА-Маскав дар майдони худ бо яке аз беҳтарин клубҳои ҷаҳон «Реал»-и Мадрид вохӯрда, бо натиҷаи 1 бар 1 бозиро мусовӣ анҷом дод. Дар оғози қисми авал хатои дағали муҳофизатгари соҳибони майдон Александр Березутскийро истифода бурда, Криштиан Роналду ҳисобро боз кард. Ба ССКА муяссар шуд, ки дар дақиқаи охири вақти талафшуда тавассути голи задаи Вернблум ҳисобро мусовӣ гардонад. Дар идомаи силсилаи дидорҳои Ҷоми чемпионҳо тими «Наполи» ҳарифи пурқуввати худ «Челси»-ро бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст дод. Ду вохӯрии навбатӣ бо ширкати дастаҳои «Марсел» бо «Интер» ва «Бавария» бо «Базел» шоми имрӯз баргузор хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






