Маҳфил ба хотири қурбониёни ҷанги Афғонистон
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар майдони назди «Санги ёдбуд» — и шаҳри Панҷакент ба хотири қурбониёни ҷанги Афғонистон бо иштироки ҷанговарони собиқадори ҷангу меҳнат, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, ҷавонону донишҷӯёни шаҳр маҳфил баргузор гардид. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки дар маҳфил муовини раиси шаҳр доир ба иҷтимоиёт ва фарҳанг М.Гадоева гуфт: «300 нафар ҷавонони шаҳри Панҷакент барои адои хизмат ба хоки Афғонистон сафарбар гардида буданд, ки аз ин 6 нафарашон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ қурбон шуданд». Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр М.Норов дар бораи қаҳрамонию диловарии ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанговарони байналмилалӣ нақл кард. Чорабинӣ бо гузоштани гулчамбар бар пояи “Санги ёдбуд” бо дақиқаи хомӯшӣ ба хотири қурбониёни ҷанги Афғонистон ҷамъбаст гардид. Бояд гуфт, ки бахшида ба рӯзи ёдбуди ҷанговарони байналмилалӣ ва 19-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани чорабинихои гуногун, вохӯриву мулоқоти собиқадорони ҷангу меҳнат бо хонандагону донишҷӯёни Панҷакент идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






