Маблағи саҳмияи Роғун дар гардиш аст
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси маълумоти Вазорати молияи ҶТ то моҳи январи соли 2012 ба суратҳисоби ҶСК «НБО -и Роғун» аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва кӯмакҳои молиявӣ 865,6 млн. сомонӣ ворид гардидааст.Ба иттилои манбаъ, дар айни замон дар суратҳисоби депозитии шаш бонки ҷумҳурӣ 237 млн. сомонӣ маблағҳои ҶСК «НБО –и Роғун» бо хоҳишу дархости бонкҳо ба гардиш гузошта шудааст. Танҳо дар моҳҳои июн ва июли соли 2011 бо дархости се бонки ҷумҳурӣ: Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»), ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҶСК «Агроинвестбонк» Вазорати молия ба суратҳисоби депозитивии ин бонкҳо барои як сол 80 млн сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо намудааст.Ёдовар мешавем, ки феълан дар суратҳисоби депозитии бонкҳои ҷумҳурӣ 237, 4 млн сомонӣ гузошта шудааст, ки аз он ҳамагӣ 38 млн. сомонӣ баргардонида шуда, боқимонда 199 млн. сомонӣ қарзи депозитӣ дар суратҳисоби бонкҳои ҷумҳурӣ қарор дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






