Малайзия дар Тоҷикистон бонки сармоягузорӣ ифтитоҳ карданист
Душанбе, 10 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Ширкатҳои Малайзия ба манзури дастгирии рушди тиҷорати хурду миёна дар Тоҷикистон бонки сармоягузорӣ ифтитоҳ карданианд, гуфт дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони ҳайати Малайзия муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Лариса Кислякова. Муовини аввали палата зикр намуд, ки 80 фоизи корхонаҳои аъзои палатаро маҳз корхонаҳои бахши тиҷорати хурду миёна ташкил медиҳанд. Аъзои ҳайати Малайзия дар навбати худ зикр намуданд, ки теъдоди чунин корхонаҳо дар кишварашон ба 500 ҳазор расида ва онҳо сол аз сол афзоиш меёбанд. Вазифаи бонки навтаъсис иборат аз пуштибонии бахши сармоягузорӣ мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






