Маросими тақдими шаҳодатномаҳои динӣ дар Кумитаи дин

Февраль 16, 2012 11:59

Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими расмии тақдими шаҳодатномаҳои динӣ баргузор гардид.  Дар рафти ҷаласа муовини раиси Кумита Мавлон Мухторов гуфт, ки дар соли ҷорӣ зиёда аз 47 иттиҳодияи динӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки то имрӯз шумораи иттиҳодияҳо ба 3 ҳазору 882 адад расида ва ин шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон кишвари демократӣ буда, ҳуқуқи шаҳрвандон пурра риоя ва барои сокинони ҷумҳурӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар соли сипаришуда 59 адад иттиҳодияҳои динӣ соҳиби шаҳодатнома гардиданд.«Минбаъд барои қонеъ намудани эҳтиёҷи эътиқодии шаҳрвандон Кумита бақайдгирии иттиҳодияҳои диниро тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» идома медиҳад», — иброз дошт М. Мухторов.  Дар баробари шаҳодатномаҳо ба иттиҳодияҳо китоби «Қуръони Маҷид» ҳамчун тӯҳфа тақдим гардид.

Февраль 16, 2012 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд