Маросими видоъ бо хизматчиёни ҳарбӣ

Февраль 15, 2012 14:53

Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Имрўз дар пойгоҳи Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими дафни хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи суқути чархбол ба ҳалокат расида буданд, баргузор гардид.Дар маросим ҳайатҳои роҳбарӣ ва фармондеҳии сохторҳои қудратии мамлакат, афсарону масъулини дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди Генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, низомиёни дигар мақомоти қудратӣ ва наздикону пайвандони эшон гирд омада буданд.Маросими дафн тибқи анъанаи низомиён бо ёдоварӣ аз корнамоию фаъолияти хизматчиёни ҳарбии марҳум ва баргузории расми гузашти ҳарбӣ доир карда шуд.Бояд хотирасон намуд, ки рўзи 11 феврали соли 2012 дар минтақаи Зобули Давлати Исломии Афғонистон чархболи МИ-8, ки ба Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дошт, суқут кард. Дар натиҷаи он подполковник Грудина Вадим Вячиславович, майор Ҷӯраев Бахтиёр Темурхонович, лейтенанти калон Амирбеков Хушнуд Кӯканбекович ва лейтенанти калон Мансуров Азизулло Тӯробхонович ба ҳалокат расиданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд.

Февраль 15, 2012 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад