Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари давлат
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар»).- 13 феврал Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти зимистонгузаронӣ, омодагӣ ба киштукори баҳорӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ машварати корӣ доир намуд. Дар оғози машварат доир ба ин ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ ахбори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул шунида шуд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар таъминот бо нерўи барқ, тоза кардани роҳҳои мошингард аз барфу тарма ва нигоҳ доштани эътидол дар бозори истеъмолӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, кабудизоркунии муҳити зист ва корҳои ободонию созандагӣ бояд ҳамаҷониба вусъат дода шавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






