Мирзошоҳрух Асрорӣ раис интихоб шуд
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид. Аз рӯи рӯзномаи маҷлис раиси комиссия Кароматулло Олимов ва котиби масъули комиссия Шаҳло Абдураҳимова гузориш доданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки бо дастгирии ЮНЕСКО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир як қатор тадбирҳои муҳим анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, бо дастгирии ЮНЕСКО дар Фаронсаю Амрико бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чорабиниҳои бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардиданд.Ёдгории Саразм ва мероси мусиқии «Шашмақом» ба феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонӣ ворид шуданд. Аз ҷониби ин созмон пазируфта шудани 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб, 1000 – солагии таълифи «Шоҳнома», бузургдошти фарзандони миллат Абӯалӣ ибни Сино ва Носири Хисрав аз рӯйдодҳои фараҳбахши фарҳангӣ арзёбӣ шуданд.Дар ҷаласа масъалаи ташкилӣ низ баррасӣ шуд. Бо дастгирии якдилонаи аъзои комиссия вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ раиси комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО интихоб гардид. Барои заҳматҳои шоён дар мақоми роҳбарӣ, ки 11 сол муваффақона идома ёфт, ба Кароматулло Олимов изҳори сипос карда шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






