Моҳияти қонунро бояд фаҳмонид
Душанбе, 16 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии парлумони мамлакат гуфт, ки баъд аз қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба унвони Маҷлиси намояндагон номаҳои дархостӣ дар мавриди ба мардум фаҳмонидани моҳият ва нуктаҳои лоиҳаи қонуни мазкур ворид шудаанд. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур ба маъюбоне, ки то замони қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нафақа баромада, нафақаи маъюбӣ мегиранд, таъсир намегузорад. Раиси Маҷлиси намояндагон аз вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, даъват кард, ки вобаста ба масъалаи мазкур бо қишри маъюби ҷомеа, ки нафақаи маъюбӣ мегиранд, силсилаи вохӯрию мулоқот анҷом дода, моҳияти қонуни мазкурро ба онҳо фаҳмонад. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 феврали соли равон аз ҷониби вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат баррасӣ ва қабул гардида буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






