Монеа дар иҷрои супориши Сарвари давлат
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси супориши Президенти ҶТ аз 3 –юми марти соли 2008 корхонаҳои соҳаи манзилию коммуналӣ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати ташкили заминҳои хоҷагии ёрирасон барои парвариши гулу буттаҳои ороишӣ хоҷагиҳои гулпарвар ташкил карда шаванд.Бино ба гуфти директори кулли хоҷагии манзилию коммуналии ҷумҳурӣ Алимурод Тағоймуродов, то моҳи январи соли ҷорӣ масоҳати умумии заминҳои хоҷагиҳои ёрирасони корхонаҳои коммуналӣ беш аз 60 гектарро ташкил дод. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон то охири моҳи январ 30,5 гектар, Суғд -11,74, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) дар масоҳати 11,7 гектар хоҷагиҳои ёрирасони гулпарвар ташкил шуданд, ки ин талаботи истеҳсолии соҳаро пурра қонеъ карда наметавонад. Талаби корхонаҳои хоҷагию манзилии коммуналии шаҳру ноҳияҳои Исфара, Қайроққум, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Ҳамадонӣ, Носири Хисрав, Ховалинг ва ноҳияи Шўрообод доир ба ҷудо намудани замин барои хоҷагиҳои ёрирасони гулпарвар аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мазкур то имрўз ҳалли худро наёфтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






