Муҳокимаи қонун дар шаҳри Душанбе
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Маркази клиникии ҷумҳуриявии бемориҳои пӯст ва сӯзок қонунҳои ҶТ «Дар бораи масъулияти волидайн барои таълиму тарбияи фарзандон» ва «Оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Дар мулоқот сардухтури Маркази клиникии ҷумҳуриявии бемориҳои пӯст ва сӯзок Азизулло Қосимов, мудири шӯъбаи оид ба корҳои дини ноҳияи Шоҳмансур Отамурод Бекмуродов ва кормандони масъули бахши тандурустӣ иштирок доштанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои тарзи солими зиндагӣ, ҷалби ҷавонон ба илму фарҳанг ва тадбирҳои дигари ҷамъиятӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






