Муҳокимаи масъалаҳои саводи ҳуқуқии низомиён
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар ҷаласаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд масъалаҳои беҳдошти кор бо ҳайати шахсии кисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд, тақвияти саводи ҳуқуқии ҳайати шахсӣ ва ҷилавгирии ҳодисаҳои нохуш, аз ҷумла ҳодисаҳои зӯроварӣ байни сарбозону афсарон мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар ҷаласа муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо ва намояндагони қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд оид ба кор бо ҳайати шахсӣ дар ҳолатҳои фавқулодда иштирок доштанд.Иштирокдорони ҷаласа зикр намуданд, ки ҳоло дар қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, Горди миллӣ, вазоратҳои корҳои дохилӣ ва адлия, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ ва Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии ҶТ шароити адои хизмат ва манзилии хизматчиёни ҳарбӣ, ҳамчунин вазъи бо техникаи зарурии ҳарбӣ таъмин намудани онҳо хеле беҳтар шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






