Муҳокимаи омодагӣ ба Конфронси минтақавӣ

Февраль 29, 2012 11:27

Душанбе, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 28 феврал дар шаҳри Кобул мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон Ҷовид Лудин баргузор гардид. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси панҷуми ҳамкории минтақавии иқтисодии оид ба Афғонистонро, ки бояд 26 – 27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, мавриди муҳокима қарор доданд.Н.Зоҳидов зикр намуд, ки ҷониби Тоҷикистон бо дастгирии коршиносони Афғонистон омодагиро барои дар сатҳи баланд доир намудани конфронс идома дода, умедвор аст, ки натиҷаи он ба рушди ҳамкории минтақавӣ ва барқароршавии иқтисодиёти Афғонистон мусоидат хоҳад кард. Мавсуф дар робита бо ин аҳамияти роҳандозӣ намудани як қатор лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавиро таъкид намуд. Ҷовид Лудин мавқеи созандагии Тоҷикистонро дар амри ҳалли масъалаҳои марбут ба Афғонистон, аз ҷумла ҷиҳати дар амал татбиқ намудани лоиҳаҳои минтақавӣ маъқул ёфта, иброз дошт, ки ҳамкории Афғонистону Тоҷикистон дар заминаи ин рушду густариш хоҳад ёфт.

Февраль 29, 2012 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд