Муҳокимаи вазъи молиявии бонкҳо
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва роҳбарони ташкилотҳои қарздиҳанда дар шаҳри Душанбе масъалаҳои рушди низоми бонкӣ, татбиқи судманди сиёсати пулию кредитӣ, ҳамчунин таъмини рушди воқеии иқтисодиётро муҳокима намуданд.Тавре дар маркази матбуоти бонк ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов таваҷҷӯҳи ҳозиронро ба беҳтар намудан ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии электронии молиявию бонкӣ, афзун намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёт, аз ҷумла, додани қарзҳои дарозмӯҳлат барои рушди соҳибкорӣ ҷалб намуд. Коҳиш ёфтани вазъи молиявии бонкҳо ба иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад, бинобар ин ташкилотҳои қарздиҳанда бояд барои муваффақ шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ чораҳои зарурӣ бинанд, гуфт Абдуҷаббор Ширинов.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






