Муаррифии муовинони нави раис

Февраль 28, 2012 10:40

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 27 феврал дар ҷаласаи васеи кории раиси шаҳри Хуҷанд ду нафар ҷонишини раиси шаҳр муаррифӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.Муҳаббат Бобоҷонова, ки то ин дам раиси ҲХДТ дар ноҳияи Б.Ғафуров буд, ба ҳайси ҷонишини раиси шаҳр корҳои идеологиро дар самти мактабу маориф ва фарҳанг роҳбарӣ хоҳад кард. Мавсуф тайи чанд сол корро дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр идома дода, дар шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ва ҳамчун раиси Шӯрои занону духтарони шаҳри Хуҷанд фаъолият кардааст.Ба вазифаи муовини раиси шаҳр доир ба иқтисодиёт, ки фаъолияти корхонаҳои саноатиро низ роҳбарӣ хоҳад кард, Маҳмадӣ Давлатов таъйин шуд. Номбурда иқтисоддон буда, дар мақомоти андози вилоят ва ҳам шаҳри Хуҷанд солҳои зиёд фаъолият кардааст. То ба ин вазифа таъйин шудан муовини сардори раёсати андози шаҳри Хуҷанд буд.

Февраль 28, 2012 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад