Муфаттиши порахӯр ва қаллоби чиптафурӯш

Февраль 3, 2012 10:53

Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбат ба ҷинояти содирнамудаи муфаттиши калони шӯъбаи тафтишоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон лейтенанти калони милитсия Амриддин Шарипов бо моддаи 319 (гирифтани пора) –и КҶ ҶТ ва нисбат ба сардори шӯъбаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии ҶДММ «Анӯшервониён» -и шаҳри Душанбе Оятулло Авзалов бо моддаи 247 қ.4 (қаллобӣ)- и КҶ ҶТ парвандаҳои ҷиноиро пас аз тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суд ирсол намуд.Ёдовар мешавем, ки кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон сокини шаҳри Душанбе шаҳрванд «Б» -ро «гӯё» барои хабар надодани ҷиноят доир ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир ва се рӯз дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ғайриқонунӣ нигоҳ доштаанд. Сардори шӯъбаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии ҶДММ «Анӯшервониён»-и шаҳри Душанбе Оятулло Авзалов тавассути яке аз кормандони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон аз ғайриқонунӣ нигоҳ доштани сокини пойтахт шаҳрванд «Б» огаҳ шуда, бо роҳи фиреб барои «озод» намуданаш аз модари ӯ 6 ҳазор доллар талаб менамояд. Рӯзи 10 –уми ноябри соли 2011 қаллоб ҳангоми гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ( НДМ) ва мубориза бо коррупсия дастгир шуд.Сипас муфатиши калони Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон лейтенанти калони милитсия Амриддин Шарипов бо мақсади ғаразноки гирифтани пора бо роҳи тамаъҷӯӣ мунтазам ба шаҳрванд «Б» занг зада, таҳдиди ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданашро менамояд, ки дар сурати надодани 8 ҳазор доллари амрикоӣ нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ кушода хоҳад шуд. Шаҳрванд «Б» ноилоҷ дар вақту ҷойи таъиннамудаи муфаттиш Амриддин Шарипов ба ӯ 7 ҳазор доллари амрикоӣ медиҳад. А. Шарипов ҳангоми гирифтани пора дар ҷойи ҳодиса аз тарафи кормандони Агентии (НДМ) ва мубориза бо коррупсия дастгир гардид. Акнун суд дафтари аъмоли ҷинояткоронро саҳифагардон намуда, нисбат ба онҳо ҳукми одилонаи худро содир менамояд.

Февраль 3, 2012 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад