Мулоқот бо ширкати «DWM Petroleum»
Душанбе, 16 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ бо роҳбарияти ширкати «DWM Petroleum»-и Швейтсария (муассиси ҶМСП «Сомон-ойл») баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷараёни иҷрои корҳои сейсмоиктишофӣ, ки аз тарафи ҶМСП «Сомон-ойл» анҷом дода мешаванд, ибрози назар намуда, зарурати ҳарчи тезтар омода кардани корҳои пармакунии майдонҳоро таъкид намуд. Дар навбати худ намояндагони «DWM Petroleum» зикр намуданд, ки ширкат барои рушди корҳои сейсмоиктишофӣ ва пармакунӣ тавассути ҶМСП «Сомон-ойл» маблағҳои иловагиро барои пешбурди корҳо таъсис хоҳад дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






