Мулоқот дар ҳузури сафири ҶТ
Душанбе, 3 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 30 январ намояндаи доимии ҶТ дар Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ (UNODC) Нуриддин Шамсов ва ҳамтои афғони ӯ, сафир Абдулмуҳаммад Шукуфон даъватномаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистонро дар мавриди иштирок дар Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон ба муовини Дабири кулли СММ, директори иҷроияи раёсати СММ Юрий Федотов супурданд.Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот вазъи ҳозира ва дурнамои ҳамкории судбахши байни раёсати зикршудаи СММ ва ду кишвар дар амри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар дар минтақа, ҳамчунин тадбирҳои муштарак ба манзури ҷилавгирии онро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ю.Федотов барои ин даъвати расмӣ ҷиҳати иштирок дар чорабинии зикршуда изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми Тоҷикистонро ба таҳкими амнияту суботи Афғонистон ба дараҷаи баланд арзёбӣ кард. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои кӯмаку мусоидати раёсати СММ ба Тоҷикистону Афғонистон дар ин бахш, иштироки ҳайатҳои ин кишварҳо дар мулоқоти намояндагони баландпояи Муоҳидаи Париж, ки бояд 16 феврали соли 2012 дар шаҳри Вена баргузор гардад, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






