Мулоқоти Қ.Қоимдодов бо Михаил Рус
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар шаҳри Минск мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов бо ҳамраиси қисми беларусии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус аз рӯи масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, вазири кишорварзӣ ва озуқаи Ҷумҳурии Беларус Михаил Рус баргузор гардид.Ҷонибҳо изҳори ақида намуданд, ки ба манзури иҷрои супоришоти сарони ду давлат аз рӯи доираи васеи ҳамкории дуҷониба бояд вақтҳои наздиктарин механизмҳои таъсирбахш ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба миёнгузошташуда муйян карда шаванд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки бо вуҷуди панҷ баробар афзудани ҳаҷми муомилоти мол имконияти бузурге вуҷуд дорад, ки бояд барои афзун намудани ҳаҷми он мавриди истифода қарор дода шавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






