Мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Ив Арнолди

Февраль 22, 2012 15:41

Душанбе, 22 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 21 феврал вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамроҳон Зарифӣ роҳбари дафтари минтақавии Намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Ив Арнолдиро ба ҳузур пазируфт. Ив Арнолди дар ҷараёни мулоқот вазирро бо фаъолияти Кумитаи Байналиилалии Салиби Сурх дар минтақа ва Тоҷикистон тайи соли 2011, ҳамчунин бо самтҳои асосии фаъолияти он дар Тоҷикистон барои соли 2012 шинос кард.Аз рӯи доираи васеи масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкории миёни Тоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх табодули афкор барпо гардид. Ҷонибҳо сатҳи ҳамкорӣ аз рӯи масъалаҳои ба расмият шинохтани ҳуқуқи башардӯстонаи байналмилалӣ, воқиф намудани аҳолӣ аз хавфи минаҳо, дастгирии муассисаҳои тиббии водии Рашт ва ҳамкории Салиби Сурх бо Ҷамъияти миллии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистонро бо камоли қаноатмандӣ қайд намуданд.Дар хотима аз амалияи доир намудани машваратҳои доимии байни ВКХ ҶТ ва Намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Февраль 22, 2012 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд