Мулоқоти дипломати тоҷик
Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Зубайдулло Зубайдов дар шаҳри Доха бо вазири маълумоти олӣ ва миёнаи Давлати Қатар Саъд ибн Иброҳим ибн Саъад Ал — Маҳмуд мулоқот анҷом дод.Вазири маълумоти олӣ ва миёнаи Қатар дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки ҷониби Қатар ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкории мутақобилан муфид бо Тоҷикистони дӯст омода аст.Сафир З.Зубайдов дар навбати худ изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон хостгори дар бахши маориф бо Қатар ривоҷ додани ҳамкорӣ мебошад.Саъд ибн Иброҳим ибн Саъад Ал — Маҳмуд қайд намуд, ки омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи маориф барои ҳар ду ҷониб муфид аст. Ӯ дар робита бо ин пешниҳод намуд, ки сафари профессорони донишкадаҳои олӣ ва кормандони бахши маорифи ҳар ду кишвар ба манзури омӯзиши таҷрибаи муфид ташкил карда шавад.Ҳамчунин мулоқоти З.Зубайдов бо раиси ширкати ҳавопаймоии Qatar Airwaus Акбар Ал – Боқир баргузор шуд. Раиси ширкати ҳавоӣ изҳор дошт, ки масъалаи кушодани роҳи мустақими ҳавоии байни шаҳрҳои Душанбе ва Доха басо муҳим аст. Мавсуф зикр намуд, ки ширкат дар ҳоли ҳозир 107 тайёра дошта, вақтҳои наздиктарин боз 200 тайёраи нав мавриди истифода қарор мегирад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






