Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби якуми раиси Бонки содироту воридоти Чин
Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар»).-Нимаи дуюми рўз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби якуми раиси Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжу Хунҷеро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории ду ҷониб баррасӣ шуд. Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки бо қарзҳои имтиёзноки ин бонк дар Тоҷикистон лоиҳаҳои бузургҳаҷми бунёди хаттҳои барқии 500 киловолтаи Ҷануб-Шимол, 220-киловолтаи Лолазор-Хатлон ва Хуҷанд-Айнӣ анҷом ёфта, навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Чанок, Душанбе-Данғара-Кўлоб-Хорўғ-Кулма, нақбҳои мошингузари Шаҳристону Чормағзак ва татбиқи дигар лоиҳаҳо бомуваффақият идома дорад. Ҳарду ҷониб ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории судбахш дар соҳаҳои роҳсозӣ, энергетика, саноати кўҳӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра изҳори ҳавасмандӣ карданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






