Мулоқоти намояндагони GIZ бо раиси КҲМЗ
Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров). – Дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ Талбак Салимов бо намояндагони Барномаи минтақавӣ оид ба истифодаи устувори захираҳои табии Осиёи Марказӣ («GIZ») баргузор гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи «Истифодаи устувори захираҳои табиии Кӯҳистони Бадахшон», ҳамчунин масоили сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҷангалро мавриди муҳокима қарор доданд.Ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи «Истифодаи устувори захираҳои табиии Кӯҳистони Бадахшон» вазифаҳои таҳияи фасли дигари лоиҳа аз рӯи ҳайвоноти ваҳшӣ баррасӣ шуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






