Мулоқоти Оқил Оқилов бо Сафири Фаронса
Душанбе, 24 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрўз дар мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани ва роҳбарияти ширкатҳои «СОФЕМА» ва «ВЕНСИ»- и Фаронса масоили татбиқи лоиҳаи сохтмони терминали мусофиркашонии фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оқил Оқилов таъкид кард, ки сохтмони терминали байналмилалии Душанбе аз ҷониби ширкатҳои фаронсавӣ ба таъхир афтода, дар иҷрои мувофиқаҳое, ки қаблан ба даст омадаанд, мушкилиҳои зиёде пеш овардааст ва маҳз ба хотири кашол ёфтани корҳои сохтмонӣ, лоиҳакашӣ ва ташхиси техникию молиявӣ арзиши лоиҳавии сохтмони терминал ба маротиб боло рафтааст. Тавре ки таъкид шуд, масъалаи маблағгузории иловагии лоиҳа роҳи ҳалли худро пайдо менамояд ва новобаста ба ин корҳои иҷрои лоиҳаи сохтмони терминал бояд мувофиқи мақсад ба роҳ монда шаванд. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки барои татбиқи лоиҳаи сохтмони терминали мусофиркашонӣ дар фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе ҷониби Тоҷикистон ҳамкориро бо ширкати «СОФЕМА» қатъ карда, дар оянда идомаи корҳои татбиқи лоиҳаро бо ширкати сохтмонии «ВЕНСИ»-и Фаронса ба роҳ мемонад.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






