Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо сафири Ҷопон дар Исломобод

Февраль 9, 2012 14:58

Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Зубайдулло Зубайдов дар шаҳри Исломобод бо сафири Ҷопон дар Покистон Чихир Атсуми мулоқот намуд.Тавре дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот муносибатҳои Тоҷикистону Ҷопон, вазъияти минтақа ва масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси пешрӯи ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA – V), ки бояд 26 – 27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.Сафири Тоҷикистон З.Зубайдов мақоми хосаи Ҷопон дар минтақаро қайд намуда, кӯмаки ҳамаҷонибаи онро ба кишварҳои минтақа, аз ҷумла, ба Афғонистон ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуд. Зикр шуд, ки Ҷопон имконияти зиёди ба рушди иқтисодиёти Афғонистон расонидани кӯмакро дошта ва, аз ин рӯ, ҷониби Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки намояндаи Ҷопон дар Конфронси RECCA – V ширкат хоҳад кард. Сафири Ҷопон Чихир Атсуми дар навбати худ изҳор дошт, ки сулҳу суботи Афғонистон ва тамоми минтақа барои кишвари ӯ басо муҳим аст. Мувофиқи суханони сафир, Ҷопон барои расидан ба ин мақсадҳо минбаъд ҳам саъю кӯшиш менамояд. Чихир Атсуми, аз ҷумла, изҳор дошт, ки барои дар сатҳи баланд ва муваффақона гузаштани конфронс мадад хоҳад кард.

Февраль 9, 2012 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт