Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо вазири фарҳанги Украина

Февраль 28, 2012 11:44

Душанбе, 28 феврал. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Чанде пеш дар шаҳри Киев мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Украина Шӯҳрат Султонов бо вазири фарҳанги Украина Михаил Кулиняк баргузор гардид. Тавре аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дутарафа дар бахши фарҳанг, аз ҷумла рушди ҳамкории ташкилотҳои эҷодӣ, густариши равобити намояндагони фарҳангу санъати Тоҷикистону Украинаро мавриди муҳокима қарор доданд. Ш.Султонов аҳамияти дар амал татбиқ намудани аҳду паймонеро, ки дар ҷараёни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина дар мавриди соли 2012 доир намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Украина ба Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон ба даст омада буд, таъкид сохт. М.Кулиняк дар навбати худ тасдиқ намуд, ки ҷониби Украина тарафдори рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангии ҳар ду кишвар аст. Номбурда мақоми хосаи рӯзҳои анъанавии фарҳанг дар ин бахшро қайд намуд.Дар анҷоми мулоқот Сафири Тоҷикистон М.Кулинякро ба тадбирҳои тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз, ки онро Сафорати Тоҷикистон якҷоя бо сафоратҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Эрон, Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ доир менамояд, даъват намуд.

Февраль 28, 2012 11:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!