Мулоқоти Сарвари давлат бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ

Февраль 14, 2012 12:45

Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар»).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия ва амалиёт дар минтақаи Аврупо Теодор Алерс ва Директори нави минтақавии ин бонк оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт. Теодор Алерс дар оғози суҳбат Директори нави минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба давлатҳои Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд. Зимни суҳбат аз дастгирии пайвастаи рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон бо харҷи 190 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ 14 лоиҳаи муҳим амалӣ мешаванд. Бонки ҷаҳонӣ, асосан рушди Тоҷикистонро дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ ва энергетика дастгирӣ менамояд. Ба иттилои Теодор Алерс, миёни Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ боз 4 лоиҳаи дигар бо маблағи 48 миллион доллари амрикоӣ ба тасвиб расидааст, ки татбиқашон соли равон оғоз меёбад ва ин нисбат ба грантҳои дар соли 2011 ҷудошуда 10 миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад. Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба ҷараёни ташхиси техникию иқтисодӣ ва омўзиши таъсири экологию иҷтимоии лоиҳаи бунёди нерўгоҳи Роғун зоҳир гардид. Бо ишора ба афзалияти баланди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ҳарду ҷониб ба идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак доир ба кам кардани талафоти техникии нерўи барқ, таъмини дастрасӣ ба сарчашмаҳои алтернативии барқ ва рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон омодагии устувори худро таъкид доштанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Февраль 14, 2012 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад