Мулоқоти Шариф Раҳимзода бо хонум Дорис Хертрампф
Душанбе, 14 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Тоҷикистон манфиатдор аст бо кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Федеролии Олмон робитаҳои иқтисодиашро густариш диҳад», — гуфт вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода зимни вохӯрӣ бо сафири ҶФО хонум Дорис Хертрампф.Аз хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни мулоқот Ш. Раҳимзода афзуд: «Мо омода ҳастем, ки дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак ҷиҳати бунёди ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон ҳамкориро вусъат диҳем». Дар навбати худ сафири ҶФО изҳори итминон намуд, ки дар оянда ҳамкории ниҳодҳои иқтисодии Олмон бо вазорати мазкур ривоҷ хоҳад ёфт. Дар рафти мулоқот самтҳои дигари ҳамкориҳои иқтисодии тарафайн мавриди арзёбӣ қарор гирифт ва ба омодагиҳо ҷиҳати баргузории Конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ доир ба Афғонистон (PECCA V), ки дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таваҷҷӯҳи бештар дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






