Мулоқоти вазири маориф дар Тошканд
Душанбе, 21 феврал. ( АМИТ «Ховар», Сӯҳбатулло Иноятуллоев).- Рӯзи дуюми Конфронси байналмилалӣ “Парвариши насли маърифатпарвар ва зеҳнан инкишофёфта ҳамчун шарти муҳимтарини рушди устувор ва муосирсозии кишвар” дар шаҳри Тошканд мулоқоти вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов бо вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Баҳодур Ҳодиев баргузор гардид.Ҷонибҳо доир ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон ва Ӯзбекистон табодули назар карданд. Намояндагони воломақоми соҳаҳои маорифи ҳарду кишвар барои рушди ҳамкории мутақобилан судманди миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус ҳавасмандӣ зоҳир намуданд. Дар чаҳорчӯби конфронс вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов инчунин бо ҳамтои қирғизистонии худ Канат Содиқов, ректори Академияи давлатии телекоммуникатсияҳои Одесса Петро Воробйенко ва роҳбарони як қатор ҳайатҳои расмие, ки дар кори конфронси байналмилалӣ иштирок доштанд, мулоқот намуд. Роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов дар ҷаласаи алоҳидаи “Таҳсилоти мактабӣ – асоси тарбияи насли зеҳнан инкишофёфта” сухан гуфт. Дар суханронии худ вазир иштирокчиёни конфронсро бо дастовардҳои низоми маорифи Тоҷикистон дар солҳои охир воқиф сохт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






