Мусобиқа барои Ҷоми ФФТ оғоз шуд
Душанбе, 14 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар варзишгоҳи «Автомобилист»-и пойтахт мусобиқаи футболбозон барои Ҷоми ФФТ бо ширкати 7 даста оғоз гардид. Дар рӯзи аввали бозиҳо «Регар —ТадАЗ» бар «Локомотив» 3 бар 0 (Равшанов, 26 (0:1). Пайзов, 71 (0:2). Эгамбердиев , 76 (0:3).), «Энергетик» бар ССКА «Помир» 2 бар 1 (Ғаффоров, 31 ва 64 аз пеналти (0:2). Додхудоев, 90+1 (1:2)) пирӯзӣ ба даст оварданд. Вохӯрии байни дастаҳои «Шодмон» ва «Гвардия» мусовӣ 1 бар 1 (Ғафуров, 52 (0:1). Шарипов, 60 (1:1) ҷамъбаст гардид. Имрӯз бозии дастаҳои ССКА «Помир» бо «Хайр», «Локомотив» бо «Гвардия» ва «Регар-ТадАЗ» бо «Энергетик» барпо мегарданд. Бозиҳо то рӯзи 24 феврал идома хоҳанд ёфт. Ёдовар мешавем,ки маблағи ҷоизавии мусобиқа 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷом ва 20 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад. Барои ҷои дувум 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷои сеюм 10 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






