Мусобиқаи варзишии «Ҳомии Ватан»
Душанбе, 17 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).–Имрӯз бахшида ба 19- солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов мусобиқаи варзишии «Ҳомии Ватан» баргузор гардид.Дар расми ифтитоҳи он муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинова ширкат варзида, иштирокчиёнро ба муносибати 19- солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ табрик намуда гуфт, ки мақсад аз баргузории мусобиқа такмил додани корҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва варзишӣ миёни сарбозони мақомоти қудратии мамлакат ва тайёр намудани онҳо ба дифои Ватан мебошад.Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи ҳарбию варзишии «Ҳомии Ватан» аз рӯи намудҳои мухталифи варзиш-вазнбардорӣ, гулӯлапартоӣ, ҷаҳидан, турниккашӣ, бандкашӣ, тирпарронӣ ва ҳамзамон аз рӯи варзиши сабук ба масофаи 100 м ва пойга ба массофаи 500 м сурат гирифт.Дастаҳои ғолиб муайян шуданд ва онҳо рӯзи 22- феврал дар чорабинии тантанавӣ ба муносибати 19- солагии рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Кумита бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва диплом сарфароз гардонида мешаванд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






