Мусодираи маводи нашъаовар
Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ҳудуди ноҳияи Панҷ қариб 15 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд. Бино ба хабари маркази матбуоти Агентӣ, кормандони он ҳангоми дар ҳудуди ноҳияи Панҷ анҷом додани амалиёти фаврӣ сокини 47 – солаи ин ноҳия ва шарики ӯ — донишҷӯи 19 – солаи Донишгоҳи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ – ро дастгир намуданд. Ҳангоми тафтиш аз шахсони номбурда 15 бастаи селофании дороии 15 килограмм маводи нашъаовар пайдо гардид.Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ кушода, шаҳрвандони дастгиршуда дар боздоштгоҳи муваққати Агентии назорати маводи нашъаовар қарор доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






