Мусодираи маводи нашъаовар дар Қӯрғонтеппа
Душанбе, 8 феврал. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷануби кишвар қариб 3,5 килограмм маводи нашъаоварро мусодира намуданд.Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, кормандони милиса дар ҷараёни кофтуков дар манзили сокини 53 – солаи шаҳри Қӯрғонтеппа Маҳмадшариф Шарифов беш аз 2 килограмм моеъи афюн, 155 грамм тарёк ва 1 килограмму 158 грамм ҳашишро пайдо ва мусодира намуданд.Мувофиқи суханони манбаъ, нисбат ба шахси дастгиршуда парвандаи ҷиноӣ кушода ва тафтишот идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






