Намоишгоҳи «Ҳайати шафқат» дар шаҳраки Ғарм
Душанбе, 29 феврал. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ намоишгоҳи сеюми Барномаи USAID ва «Ҳайати шафқат доир ба таҳкими субот дар Тоҷикистон» (БТСТ) дар шаҳраки Ғарм баргузор мегардад. Тибқи иттилои масъулини сафорати Амрико дар Тоҷикистон 6 –уми апрели соли 2012 дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт намоишгоҳи навбатии кишоварзӣ доир мешавад. Мақсади намоишгоҳ ба ҳам наздик намудани деҳқонон, фурӯшандагони маводи кишоварзӣ, муассисаҳои хурди молиявӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Тавассути намоишгоҳ робитаи байни деҳқонон, таъминотчиёни маводи кишоварзӣ, фурӯшандагон ва интиқолдиҳандагони маводи баландсифат ва сертификатдор бо ҳам наздик мешаванд. Боиси тазаккур аст, ки БТСТ ба 63 ҷомеаи деҳоти вилояти Суғд, ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара ва қисмати ҷанубии вилояти Хатлон ҷиҳати беҳдошти мушкилоти онҳо мусоидат мекунад.Ёдовар мешавем, ки соли ҷорӣ бо дастгирии сафорати Амрико дар Душанбе намоишгоҳи аввалини «Ҳайати шафқат доир ба таҳкими субот дар Тоҷикистон» (БТСТ) 18 –уми феврал дар ноҳияи Ашт ва 26 –уми феврал дар вилояти Хатлон доир гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






