Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Душанбе
Душанбе, 9 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо сардори Раёсати савдои Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғур Тя Гуантай масъалаҳои доир намудани намоишгоҳи байналмилалии молҳои содиротии Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғур ва бархе музофотҳои дигари Чинро муҳокима намуд. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Шариф Саид зимни мулоқот зикр кард, ки ин чорабинӣ ба ҷалби сармояҳои инфиродӣ ба Тоҷикистон, рушди робитаҳои кооперативӣ, дастгирии корхонаҳои хурду миёна, бунёди корхонаҳои муштарак ва густариши савдои байнисарҳадӣ мусоидат мекунад.Тя Гуантай дар навбати худ зикр намуд, ки роҳбарияти ҶМЧ ба рушди ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистон аҳамияти хоса медиҳад. Дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи навбатии Чин собит мекунад, ки муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар босуръат рушду густариш меёбанд.Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва сардори Раёсати савдои Ноҳияи Мухтори Синҷону Уйғур аз рӯи натиҷаи мулоқот Шартномаи дар охири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир намудани намоишгоҳи молҳои содиротии ҶМЧ – ро имзо намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






