Намоиши ҳунари рассом

Февраль 27, 2012 17:10

Душанбе, 27 феврал. (АМИТ «Ховар», Музаффари Рустам). — 3 марти соли 2012 бо кӯмаки молиявии шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар нигорхонаи ҳунарии «Мино», ки дар бинои Иттифоқи меъморони Тоҷикистон, кӯчаи Беҳзод, №1 ҷойгир аст, намоиши инфиродии ҳунари рассоми шодравон Ботур Аллаберганов ифтитоҳ мегардад. Ба маърази тамошо 73 асари рассом, аз қабили наққошӣ, тарроҳӣ, расмҳо, мусаввада ва ҳазлҳои дӯстона, бо шумули асарҳои нотамом гузошта мешаванд. Мутахассисон ба ҳунари рассом баҳои баланд дода, дар асарҳои ӯ рӯй задани воқеияти замонро бо ҳазлу анъанаҳои маишии мардумӣ мебинанд. Офаридаҳои муаллиф дар осорхонаҳо ва коллексияҳои хусусӣ дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он дар Полша, Муғулистон, кишварҳои Африка ва ғайра маҳфузанд. Ботур Аллаберганов 9 майи соли 1941 таваллуд шуда, соли 1967 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва соли 1973 Институти давлатии театриву рассомии Тошкандро хатм кардааст. Ӯ фаъолияти худро ба омӯзгорӣ бахшида, дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ аз наққошӣ дарс гуфтааст. 1 декабри соли 2011 Ботур Аллаберганов бармаҳал аз ҳаёт чашм пӯшид.

Февраль 27, 2012 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт