Намояндагони «ТЕМРUS» дар ПСС ҶТ
Душанбе, 15 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова ва ташкилкунандагони барномаи «ТЕМРUS» дар ҶТ профессорони Пажӯҳишгоҳи педагогикаи иқтисодии Донишгоҳи иқтисод ва тиҷорати шаҳри Венаи Австрия Йозеф Афф ва Ричард Фортмюллер масъалаҳои тарбияи руҳи соҳибкорӣ аз давраи мактабиро мавриди муҳокима қарор доданд. Тавре аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Йозеф Афф иброз дошт, ки мақсади асосии лоиҳа иборат аз тарҳрезии барномаҳои махсуси таълимӣ барои 60 мактаби таҳсилоти умумии Тоҷикистон ва донишкадаҳои таҷрибавии олӣ, аз қабили Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин зикр шуд, ки дар донишгоҳҳо муаллимони мактабҳо аз рӯи фанни «Асосҳои иқтисод ва соҳибкорӣ» тайёр карда мешаванд.Тирамоҳи соли 2012 лоиҳа дар мактабҳои шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон санҷида шуда, ҳамчунин китоби дарсӣ барои мактабиён таҳия мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






