Нашри «Дуруди сапеда» дар Афғонистон

Февраль 6, 2012 11:14

Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло).-Чанде қабл дар шаҳри Кобули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷониби интишороти «Майванд» гулчини ашъори шоираи тоҷик Хосият Вализода таҳти унвони «Дуруди сапеда» ба нашр расид.Китоб фарогири шеърҳои шоираи хушсалиқаи тоҷик дар тараннуми Ватан, созандагию фидокории фарзандони бонангу номус, ишқу муҳаббати инсонӣ, дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳсосоти рангоранги инсон мебошад.Ба маҷмӯа шоири шинохтаи Афғонистон Муҳаммад Исҳоқ Фоиз пешгуфтори пурмеҳр навиштааст. Китоб бо ороиши хуб чоп гардида, дастраси хонандагони сершумор шудааст.Нашри китоби шоираи тоҷик Хосият Вализода баёнгари тақвияти пайвандҳои фарҳангӣ ва дӯстии таърихии мардумони Тоҷикистон ва Афғонистон аст.

Февраль 6, 2012 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад