Нашри дуюми рисолаи илмии сиёсӣ роҷеъ ба сиёсати давлатии Президент

Февраль 23, 2012 15:33

Душанбе, 23 феврал. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар нашриёти «Контраст»-и пойтахт нашри дуюми такмилёфтаи рисолаи илмии сиёсии мушовири калони Сарвари давлат Зафар Сайидзода ва корманди масъули Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Фаридун Саидов «Сиёсати давлатии Президент Эмомалӣ Раҳмон ва рушди устувори Тоҷикистон» ([attachment=7])ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад. Китоб ба 15-умин солгарди рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон бахшида шудааст. Аз ин рӯ, яке аз бобҳои он доир ба аҳамияту таҷрибаи раванди сулҳи тоҷикон ва нақши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар он баҳс менамояд. Муаллифон роҷеъ ба масъалаҳои рушди иқтисод, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва баъзе ҷанбаҳои ҳаёти маънавии ҷомеа низ изҳори назар кардаанд. Сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ва муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мавриди арзёбӣ қарор дода шудаанд. Китоб барои доираи васеи хонандагон иншо гардида, матни электронии онро аз сомонаҳои интернетии АМИТ «Ховар» ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дастрас кардан мумкин аст.

Февраль 23, 2012 15:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад