«Насли нав» дар «Осиё»
Душанбе, 6 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бо ташаббуси намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Суғд, ширкати телевизион ва радиошунавонии «Осиё» ва дастгирии Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ барномаи нави телевизионӣ бо номи «Насли нав» таъсис дода шуд, ки ҳафтае як маротиба аз тариқи телевизиони «Осиё» пахш мегардад.Мавзӯи барномаҳои «Насли нав» ба масъалаҳои муҳиму мубрами ҳаёти ҷомеа, бахусус ҷавонон бахшида шуда, бетарафии аҳли ҷомеаро нисбат ба ин масъалаҳо то андозае рафъ хоҳад кард.Барномаи аввалин ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ бахшида шуда, атрофи ин мавзӯъ коршиносон ва ҷавонон фикру андешаҳои хешро иброз доштанд.Муҳоҷирати меҳнатии қувваи корӣ дар арсаи байналмилалӣ як ҳодисаи маъмулист. Тибқи иттилои расонаҳои хабарии Чину Туркия ин кишварҳо аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии худ буҷаи давлатро ғанӣ мегардонанд. Ҳар касе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар меравад, ҳатман дар хадамоти муҳоҷират сабти ном гардида, минбаъд аз ӯ андоз ситонида мешавад. Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов зикр намуд, ки мақсад аз таҳияи ин гуна барномаҳои телевизионӣ фаҳмидани мушкилоти ҷавонон, мусоидат ба ҳалли онҳо ва дар маҷмўъ муттаҳид ва сафарбар кардани ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ мебошад ва дар назар аст, ки чунин барномаҳо дар дигар манотиқи мамлакат низ ташкил карда шаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






