Натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилӣ
Душанбе, 2 феврал. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба нашри расмии натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилии соли 2010 дар мавзӯи «Теъдод ва ҷойгир намудани аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, ҳамчунин ВАО иштирок доштанд. Директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Бахтия Муҳаммадиева аъзои гурӯҳи кориро бо мазмун ва ҷадвалҳои сохторӣ, ки ба ҷилди якуми нашри расмии натиҷаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзилӣ дохил карда мешаванд, шинос намуд.Ҳамчунин макетаҳои ҷадвалҳои интишории ҷилдҳои дуюму сеюм манзури иштирокдорони ҷаласа гардиданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






