Наврасон дарси зиндагӣ меомӯзанд
Хоруғ, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар назди муассисаи давлатии Маркази ҷавонони вилоят маҳфили ихтиёриёни наврас таъсис дода шуд, ки 100 нафар аъзо дорад. Ба гуфти раиси марказ Руслан Шодиков, наврасон дар ин ҷо омилҳои марбут ба ободу зебо нигоҳ доштани шаҳрашонро меомӯзанд.Ҷавонони аъзои маҳфил қоғазпораҳои дар кӯча ва саҳни мактабу ҳавлиҳо партофташударо ҷамъ меоранд, ба бехи дарахтон об мерезанд, ҳангоми ба нақлиёт савор шудани пиронсолон кӯмак мекасонанд ва дигар амалҳои башардӯстонаро анҷом медиҳанд.Маҳфил дар муддати кӯтоҳ ҷонибдорони зиёде пайдо намуд. Тавре Руслан Шодиков иттилоъ дод, наврасон чизҳоеро меомӯзанд, ки аз қабили амалҳои нек ва мактаби одаму одамгарӣ мебошанд. Наврасон, ки аз хурдсолӣ ба чунин амалҳо одат мекунанд, як умр дар ин ҷода корҳои неку хотирмонро баҷо меоранд.Машғулиятро коршиносони соҳаҳои мухталиф, шахсони соҳибикром, муҳандисон, рассомон, ҳунарпешагон, омӯзгорон ва шахсони дигари марбутаи ин амалҳо роҳандозӣ мекунанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






