Наврасони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Меҳргон мераванд
Душанбе, 20 феврал. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Меҳргони анъанавии футболи Осиё барои мамолики минтақаи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Исломободи Покистон гузаронида хоҳад шуд. Дар он аз 2 то 15 апрели соли ҷорӣ наврасони 14-солаи Афғонистон, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Ҳамчунин дар ҷараёни ин бозиҳо дарсҳои таълимӣ барои доварону мураббиёни ҷавони кишвархои ширкаткунанда барпо мегарданд, ки аз ҳар давлат дар он ду мураббӣ ва ду довар ширкат менамоянд. Чор сол муқаддам ин гуна меҳргон дар шаҳри Тошканд барпо шуда буд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






