НБО «Сангтӯда – 2» фаъол мешавад

Февраль 13, 2012 13:38

Душанбе, 13 феврал. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – НБО «Сангтӯда – 2», ки онро Вазорати энергетика ва саноати ҶТ якҷоя бо ширкати эронӣ бунёд кардааст, суръати тавлиди қувваи барқро баланд мебардорад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд.Хотирнишон месозем, ки агрегати якуми нерӯгоҳ дар арафаи таҷлили Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифта буд. Аз оғози моҳи январи соли ҷорӣ, дар рӯзҳои барои энергетикҳо душвор, қувваи барқи НБО «Сангтӯда – 2» ба Системаи ягонаи энергетикии кишвар ворид гардид. Нерӯгоҳи «Сангтӯда – 2» дар рӯзҳои аввали фаъолияташ дар системаи ягонаи энергетикии мамлакат ҳар шабонарӯз аз 50 то 60 ҳазор киловатт – соат қувваи барқ ҳосил менамуд. Алҳол ин нерӯгоҳ дар як шабонакрӯз беш аз 1,2 миллион киловатт — соат қувваи барқ ҳосил менамояд, ки ба таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ва фаъолияти системаи энергетикии кишвар таъсири мусбат мерасонад. Аз оғози истифодаи нерӯгоҳи мазкур қариб 8,5 миллион киловатт – соат қувваи барқ тавлид шудааст.

Февраль 13, 2012 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад