Ниҳолҳои босифат аз “Тоҷикиниҳолпарвар”
Душанбе, 20 феврал. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).– Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 18 феврали соли ҷорӣ дар шафати бозорҳои «Саховат», «Панҷшер» ва «Ганҷина» — и хиёбони Неъмат Қаробоев бо иштироки КВДҶ “Тоҷикниҳолпарвар”, хоҷагиҳои ниҳолпарвари АИК ҶТ, КВД “Навъҳои тухмии сабзавоти Тоҷикистон”, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор, ниҳолпарварони инфиродӣ ва олимону мутахассисони соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ ярмаркаи фурӯши ниҳолҳо, дарахтҳои ҳамешасабзу ороишӣ, кӯчати гулҳо ва тухмии зироатҳоро барпо намуд. Беҳтарин навъҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, кӯчати гулҳо ва тухми зироату сабзавоти гуногуни дорои сертификат пешкаши харидорон гардонида шуд. Тибқи натиҷаҳои ҷамъбастии комиссияи тадорукотӣ сардори хоҷагии ниҳолпарварии “Бӯстонқалъа”-и ноҳияи Ҳисор Сафар Иброҳимов, сардори хоҷагии ниҳолпарварии “Искич”-и ноҳияи Ҳисор Аслиддин Розиқов, агрономи хоҷагии ниҳолпарварии ба номи М.Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав Нуралӣ Соатов ва сардори хоҷагии ниҳолпарварии “Чимтеппа”-и ноҳияи Рӯдакӣ Бахтиёр Мирзоев бо телевизор ва дигар мукофотҳои таъсисдодаи Вазорати кишоварзӣ сарфароз гардонида шуданд. Олимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ перомуни парвариш ва сабзонидани ниҳолҳою тухми зироатҳо ба харидорон маслиҳатҳои хуби илмиву методӣ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






