Низоми бисёрсатҳии пардохти нафақа

Февраль 15, 2012 14:05

Душанбе, 15 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» аз январи соли 2013 Тоҷикистон бо тадриҷ ба низоми бисёрсатҳии пардохти нафақа мегузарад. Лоиҳаи қонуни мазкурро 15 феврал вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон баррасӣ ва қабул намуданд. Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ зимни шарҳи масъалаи мазкур гуфт, ки тибқи лоиҳаи қонун маблғгузории талаботи нафақа аз манбаъҳои гуногун сурат мегирад. Аз ин рӯ, дар лоиҳа танзими давлатии сатҳи даромади суғурташаванда, ҳаҷми пардохтҳои минбаъдаи суғуртавӣ ба шаҳрвандон аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, мутобиқати андозаи нафақаи суғуртавии таъиншаванда ба ҳуқуқи андӯхти нафақавии шаҳрванд, собиқаи суғуртавӣ ва ҳаҷми даромади суғуртагардида дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ, бисёрманбаъ будани маблағгузорӣ, инчунин ҳавасмандии ширкати бахши ғайридавлатӣ дар таъминоти нафақаи шаҳрвандон пешбинӣ гардидааст. Мувофиқи лоиҳаи қонун ба дарёфти нафақаи давлатии суғуртавӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа, ки дар ҳудуди Тоҷикистон сукунат доранд, ба шарте ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки дар низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» саҳми суғуртаи иҷтимоиро пардохт намоянд. Дар қонун ҳисобҳо бо мафҳуми музди меҳнат ва дар фаъолияти соҳибкорӣ ҳисобҳо бо мафҳуми даромад нишон дода шудааст. Инчунин моддаи 24 қонун ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва дигар санаду меъёрҳои ҳуқуқии кишвар мутобиқ гардонида шудааст.

Февраль 15, 2012 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад