Низоми хариди давлатии мол такмил меёбад

Февраль 6, 2012 14:12

Душанбе, 6 феврал.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» 6 феврал дар ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукрҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуданд. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои Шӯро ҳамзамон Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/, бюрои САҲА дар Тоҷикистон, Шартномаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи кофтукови байнидавлатии шахсонро баррасӣ карданд.  Дар фарҷом бархе аз масъалаҳои муҳокимашуда ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагон пешниҳод карда шуданд.

Февраль 6, 2012 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад